Солҳои охир терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ фаъолона ширкат меварзид. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медиҳад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ободӣ пешравии мамлакатамонро сарфи назар намуда, дар ҷамъомаду ҳамоишҳои байналмилалӣ беасос ва бо суханҳои бардурўғ баромад менамоянд. Аз ҷумла дар саммити ҳарсолаи Женевагӣ барои ҳуқуқи инсон ва демократия, ки санаи 20 феврали соли 2018 баргузор гардид аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷик – Темур Варқӣ ва роҳбари ҳизби мамнўъи Наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.
Вақтҳои охир аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷик тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ҳаргуна навиштаҳои хоинона баромад намуда истодаанд.
Мо кулли устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем ва дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем.
Кулли устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи