Изҳороти донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба терроризму экстремизм ва гуруҳҳои ифротгаро

Ҳаводиси замони охир ва иттилои расонаҳои хабарӣ чанд вақт инҷониб сару садоҳои амалҳои террористӣ, қатлу қурбонӣ, расидан ба номуси занон ва амсоли ин барин амалҳои бадахлоқиро ошкор намуда истодаанд, ки каҳрамонҳои асосии нақшҳо дар авалия ба қавле ҳомиёни дину «рӯҳониён» ба ҳисоб мераванд.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони кишвар фирефтаи таблищоти бебунёди экстремистӣ мегарданд, ки дасти душманони миллат барои он, ки аъзои ҷомеаи мо, хусусан ҷавононро ба осонӣ ба доми фиреби худ андохта, нерӯи ақлонию ҷисмонии онҳоро ба муқобили ҷамъият, бар зидди волидайн, бародар ва ёру дӯстонашон истифода мебаранд, нақшаву ният ва амали нопоки худро ба ислом нисбат медиҳанд, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду фақир ва ночиз нишон медиҳанд.
Бояд фаҳмид, ки муколамаи диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ифодагари сиёсати зидди динии давлат нест, зеро давлати имрӯзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузорӣ мешавад. Беш аз ҳазор сол шуд, ки аксари мардуми мусулмони тоҷик ба мазҳаби барҳақ ва ростинати Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) пайравӣ намуда, дар ҳамзистии осоишта ба тамоми мардуми минтақа ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуданд.
Мо дар тамоми дунё бо номи тоҷик, бо адлу инсофу илму маърифат овозадору машҳур гаштаем на бо хунрезиву ваҳшоният. Мо аз қадим дину мазҳаби худро пос медорем.
Хулоса, мо халқи Тоҷикистон (тоҷикистониён) ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул буда, соҳибихтиёрии давлати худро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодии шахсро муқаддас шуморида, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар вазифадор ҳастем. Хирадмандӣ, дурандешӣ ва инсондӯстӣ имрӯз аз ҳар яки мо қабули қарори дурустро оиди ин ё он масъала талаб менамояд.

Ҷавонони имрӯза ба хубӣ дарк намоед, ки роҳи фардои мо на ба сӯи ҷаҳолат, низоъҳои иҷтимоӣ, якдигарнофаҳмӣ ва бесару сомонист, балки роҳи пойдор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият ва илму маърифат аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *