Изҳороти устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ доир ба баста шудани  сомонаҳои интернетии www.akbor.com  ва nahzat. ru

Бо воридшавии башарият ба марҳилаи нави рушди тамаддун, иттилоот ба яке аз захираҳои глобалии инсонӣ мубаддал гашта, ҳамчун яке аз абзорҳои асосии «неруи нарм» афзалият пайдо мекунад. Бинобар ин, имрӯзҳо дар назарияҳои навини сиёсӣ масъалаи таъсир ба афкори ҷамъиятӣ бо тарзу усули нав коркард шуда, дар амалия васеъ истифода мешавад. ВАО дар ҷомеа қувваи таъсирбахши иттилоотӣ ва воситаи нави таблиғот барои тафаккур  ба шумор меравад. Онҳо дар раванди демократикунонӣ ва тараққиёти ҷомеа  ва дар маҷмӯъ нақши калон мебозанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон теъдоди ВАО хеле афзудааст.

Умуман, воситаҳои ахбори омма –  матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки интишор ва паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри  давлатӣ  ё  асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе,  ки ба зӯран сарнагун сохтан ё таѓйир додани сохти конститутсионӣ  даъват  мекунад, шаъну  эътибори  давлат ва Президентро халалдор месозад,  ҷанг,  зулму зӯроварӣ,  хусумати нажодию  миллӣ  ва  ё  динӣ, терроризм  бо  ҳамаи зуҳуроташ  инчунин  эҳтиром накардани миллату дини дигар ва ба содир намудани  кирдори  ҷиноятии дигар  даъват менамояд,  истифодаи ѓаразноки ахбори омма барои дахолат кардан ба  ҳаёти  шахсии  шаҳрвандон  манъ  аст.

Чуноне аз маълумотҳои АМИТ Ховар бармеояд, аз 09.04.2020 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани  сомонаҳои интернетии www.akbor.com  ва nahzat. ru дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту  паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо  ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза  ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар асоси ҳалномаи  Суди Олӣ аз 19 марти соли 2020 дар бобати сомонаҳои интернетии www.akbor.com  ва nahzat.ru ки ба ташкилотҳои террористиӣ-экстремистии  Ҳизби насҳати ислом, Пайравони миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои экстремистию террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни  аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Аз ҳамин лиҳоз, барои пешгирии зуҳуроти эктремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерӯи сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи марказонидашуда оид ба тамоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.

 

Кулли устодони кафедра

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *