ҒАЙБАТУ ТЎҲМАТАНГЕЗИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ

Мо қаблан зимни мақолаҳои хеш, борҳо якдилонаю якзабона   баромадҳои иғвоангезонаи раҳбарияту ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ-ро   маҳкум карда будем. Имруз низ  нисбати раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, ки  санаи 25 марти соли равон дар назди Бундестаги парлумони Олмон, шаҳри Берлин тазоҳуроти иғвогаронаи навбатиашонро ташкил намудаанд, андешаи худро  иброз менамоям. 

Бояд қайд кард, ки бадномкуниҳо ва ғайбату тӯҳматангези  ноҳақӣ бадхоҳони миллат нисбат ба сафарҳои Сарвари кишвар, қазияи Бадахшон ва озод намудани ҷинояткорон -“зиндониёни сиёсӣ” беасос меҳисобем ва онро шадидан маҳкум менамоем. Дар иртибот ба ин, таъкидан қайд менамоем, ки  ҳақиқатан сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат  вобаста ба хориҷи кишвар  ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст. Дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд.  Дар бораи қазияи Бадахшон бошад, яъне аз ҳодисаҳои нангини моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ҳамагон бохабар ҳастанд. Бинобар ин, ба масоили мазкур шарҳу эзоҳ додан зарурият нест.Вокеан таърих гувоҳ аст, ки ин бадхоҳони миллат бо роҳи санг задан ба Ватан, маблағҳои нопоки хоҷагонашро ба даст мегиранд. Вале раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ берун аз Ватан овораю саргардонанд. Давлату миллат барои хоинони ватан бегона аст. Рафтору гуфтори ин хоинон ҳамеша мавриди маҳкумият қарор мегирад. Бинобар ин, бояд Кабирӣ ва  ҳаммаслакону думраваш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард, зеро мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.

       Дар интиҳои андешаи хеш гуфтаниям, воқеан миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ  менамояд. Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.

                  Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *