Изҳороти устодони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ нисбат ба хабарнигори Восток-Нюз Сиддиқи Акбар

Мо омӯзгорон аз шабакаи Интернетӣ доир ба хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар огаҳ шуда, зарур донистем, ки доир ба он мулоҳизаҳои худро иброз намоем.Таҳлилҳо собит месозанд, ки хабарнигори дар боло зикршуда, ки бо суханҳои бардуруғу бемантиқу беасосро иброз дошта, худро «бофарҳангу озодандеш», «ҳақиқатҷӯ» нишон дода оид ба фаъолияти ҳизби террористӣ ва шахсияти М.Кабирӣ ва хешу табораш, ҳатто кӯдаки бегуноҳро ба сиёсат ҳамроҳ кардааст. Худи Сиддиқи Акбар кист? Мардуми Тоҷикистон оё мешиносанд? Берун аз ҳудуди Тоҷикистон иқомат дошта худ бехабар аст, ки ба доми найрангӣ ва лӯхтакбозиҳои сиёсии ҳоҷагони хориҷӣ афтода, ғуломи ТЭТ ҲНИ гардидааст. Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як хоин ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «адолатхоҳ» муаррифӣ кунанд? Бешубҳа, ин таҳқири ошкоро ба миллати бузургест, ки ҳазорон фарзанди фарҳангсолору сиёсатмадор дорад.
Бояд таъкид кард, ки хабарнигори кундафаҳм аз дастовардҳои бузурги давлатамонро то ҳол дарк накардааст. Имрӯз ватани маҳбубамон рӯ ба рушд ниҳода, сулҳу субот пойдор аст. Хуб мешуд,ки аз мардумони меҳнаткаши Тоҷикистон қадри тинҷию оромиро бипурсад. Ва ё аз вазъи сиёсии имрузаи Афғонистони ҳамсоя, ки таи чанд даҳсолаҳо то имрӯз нороми ҳукумфармо аст, муқоисаю хулосабарорӣ намояд. Агар натавонад мо хотирррасон мекунем, ки дар беш аз бисту шаш соли даврони Истиқлолият давлатӣ роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо роҳбарии фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари ҳам стратегӣ ва ҳам сиёсӣ дуруст аст. Маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар аст, ки дар мамлакат марҳилаи таҳияю татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияи рушд, консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.
Хулоса, агар Сиддиқи Акбар ватандӯсту ҳақиқатҷӯ бошад, марҳамат, сангари ватандорӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузорад. Аммо номбурда ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надорад ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории М.Кабирӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.Ҷои таассуф аст, ки ному симои зикркардагон ҳамчун ватанфурӯшон, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *