Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Кулли мардуми шарифу сулҳпарвар ва ҳунарманду бунёдкори Ватани азизамон иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол намуда, дар амалӣ намудани он софдилона ҷаҳду ҷадал карда истодааст.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба амсоли ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ, ки бештари ҷавонони тоҷикро аз сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани маблаѓ бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд ва амалҳои номатлуб содир менамоянд, ки ин боиси коста гаштани обрую эътибори кишвар мегардад.Чунончӣ санаи 29 июли соли равон ҷавонони беномусу гарданканда–аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон пас аз дидаву дониста бо воситаи нақлиёти шахсӣ шаҳрвандони хориҷро пахш карда ва пас аз по афтодани онҳо ваҳшиёна бо олотҳои халандаю бурранда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расониданд,ки дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.Зикр кардан зарур аст, ки тибқи иттиллоти расонаҳо амиқан муайян карда шудааст, ки яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳусейн Абдусамадов ҷинояти мазкурро бо ҳаммаслаконаш содир намудааст. Ин ҳодисаи барои халқу миллати мо хос набударо сахт маҳкум карда даъват менамоем: имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем
Аммо хоинони миллати тамаддунофару Ватани биҳиштосои мо хостанд, ки бо фармони хоҷагони разили худ, амали нангини ҳамлаи террористиро ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара анҷом дода, онро халалдор созанд.
Тири душманони Тоҷикистони азизамон хок хӯрд. Пиру барно кирдори ҷинояту хиёнаткоронаро маҳкум намуда, боз ҳам қавитар сиёсати дурандешонаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда истодаанд, ки нишони олии ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад.
Ҷалолов М, номзади илми иқтисод, дотсент