Изҳороти устодони кафедраи иќтисодиёти љањон дар ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Дар замони муосири хело њассос, яке аз масъалањои муњими давлатдорї ин таъмини амнияту субот дар кишвар мебошад.  Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».

Мо ањли устодони кафедраи иќтисодиёти љањон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум менамоем. Мо тарафдори оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо ањли устодони кафедраи иќтисодиёти љањон намегузорем ғояҳои нодурусти ҲНИ  дар андешаву тафаккури донишљўён, устодон, хусусан ҷавонон реша ронанд. Мо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, бењтару мукаммалтар кардани сифати тањсилот сайъю кўшиш карда, барои суботнокии иќтисодиёти миллї, бењтару устувортар гардонидани мавќеи Тољикистони азизамон дар арсаи байналхалќї донишу малакаамонро дареѓ намедорем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *