SUSI

Мо олимон ва муаллимон аз давлатҳои Мексика, Бразилия, Того, Алҷазоир, Тунис, Ливан, Туркия, Португалия, Фаронса, Беларус, Финляндия, Узбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Непал, Муғулистон ва Чин иштирокчии барномаи (SUSI) Study of the United States Institute
(Донишкадаи олимони Амрико дар адабиёти муосири амрикоӣ) шудем. Мо таҳти роҳбарии доктор Чарлз М. Танг- директори барнома дар Донишгоњи Сиэтл (SUSI) ва доктор Кен Аллан- директори ассотсиатсия, дар семинарҳо ва сафарҳо донишу малакаи худро мукаммал кардем. Соли сеюм аст, ки Донишгоҳи Сиэтл олимонро аз тамоми дунё қабул карда дар бахши адабиёти муосири Амрико таҳқиқот мегузаронад. Барои ман имсол ифтихори бузург буд, ки бо як гурӯҳ олимону омӯзгорон аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок кардам. Мо иштирокчиён дар соли 2019 аз ин як имконияти нодир ва махсус истифода карда бо олимон ва нависандагони муосири Амрико за наздик шинос шудем. Ҳафтод муаллим ва муҳаққиқони 17 кишвари мухталиф дар як толор гуногунии расму одат, маданият ва тамаддуни Амрикоро омухтем. Мо инчунин ба он масъалањое, ки моро муттаҳид карданд, муносибати эстетикӣ ва фарҳангӣ, фаҳмиши интиқодӣ, ӯҳдадории илмӣ ва роњњои нави таҳқиқотро омўхтем.
Ҳадафҳои барномаи Донишкадаи олимони Амрико дар адабиёти муосири амрикоӣ (SUSI) инҳо мебошанд: а) таъмин намудани иштирокчиён бо маводҳои нав барои омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт, б) санъат ва фарҳанги ИМА дар асрҳои ХХ ва ХХI; в) консепсияҳои мураккаб ва гуногуни соҳаи адабиёти муосири ИМА; г) ва ғояҳои нав дар бораи равишҳои назариявӣ, усулҳои педагогӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки барои омӯзиши адабиёт ва фарҳанги Амрико бештар мувофиқанд.

Ин семинар барои ман як инқилоби комили маънавӣ буд, ки ман тавассути он бо роњхои мухталифи тадқиқот шинос шудам. Ин барнома маро водор сохт, ки тарзи гузаронидани машғулиятҳоро дар дарсҳоям аз нигоҳи нав дида бароям. Барномаи SUSI инчунин ин як имкони тасвирнопазири мулоқот бо ҳамкасбон аз тамоми љањон мебошад, ки барои пайдо кардани дӯстӣ ва қавӣ гардонидани муносибатҳои илмӣ сабаб мешавад. SUSI ин як барномаи бебаҳо дар ҳаёти академии Иёлоти Муттаҳида аст, аз мулоқот бо доираи васеи профессорҳои амрикоӣ аз Донишгоњи Сиэтл, Донишгоҳи Калифорния дар Беркли, Донишгоҳи Ҷорҷтавн дар Вашингтон баҳраманд гаштем.
Барномаи Фулбрайт, ки аз ҷониби Бюрои маориф ва фарҳанги Амрико маблағгузорӣ карда мешавад, семинарҳои интенсивии чорҳафтаинаи академӣ дар шаҳри Сиэтл ва сафари дуҳафтаина ба Лос-Анҷелес, Беркли- Сан-Франсиско, Окланд ва инчунин ба Вашингтон, округи Колумбия баргузор гардид, дастгирӣ намуд. Дар вақти сафар ба ин шаҳрҳо мо аз ҷойҳои таърихӣ, маданӣ ва фарҳангӣ ба монанди китобхонаи «Грин эппл» дар Сан-Франсисно, китобхонаи Конгрес дар Вашингтон, осорхонаҳо дар Лос-Анҷелес, Сиэтл, Вашингтон ва Калифорния, купруки «Голден Гейт» дар Калифорния, синамо дар Ҳолливуд диди назар кардем, ки ин боиси ғанӣ гаштани тасаввуроти мо нисбати ҳаёт дар Амрико гашт.

Доктор Чарлз Танг ва доктор Кен Аллан олимонро аз саросари ҷаҳон пазироӣ карданд:
• Айча Ҳочин, Алҷазоир
• Кайтано Валдрич Галиндо, Бразилия
• Клод Де Фусте, Фаронса
• Эсра Узтархон, Туркия
• Иҷобат Ҷӯраева, Ӯзбекистон
• Инеса Криштоп, Беларус
• Исидор Гули, Того
• Луис Алберто Перес Амескуа, Мексика
• Маха Завил, Лубнон
• Симау Валенте, Португалия
• Исмоилова Мутриба, Тоҷикистон
• Титти Тенхунен, Финляндия
• Сайнбаяр Ваш, Муғулистон
• Сушил Шрест, Непал
• Виджета Кумар, Ҳиндустон
• Ли Сюемей, Ҷумҳурии Халқии Хитой
• Ясмина Бен Мбарек, Тунис
Эндрю Аспланд аз Дафтари Глобалӣ ин барномаро имсол дастгирӣ намуд, ки ҳамчун ҳамоҳангсози барнома баромад кард; Дэн Бентсон ва Элизабет Бойл, ки ба ҳайси ёвари ҳамоҳангсозон кор карданд ва Шон Белл ҳамчун ёвари маъмурӣ дар маркази забони англисӣ хизмат кард.

Семинарҳо аз ҷониби олимони Донишгоҳи Сиэттл, ба монанди докторон Кристина Робертс, Налини Айер, Сюзан Майерс ва Ҷон Ҷонсон гузаронида шуданд. Инчунин устодони маъруф аз дигар донишгоҳҳо, аз ҷумла:
• Аарон Ҷаффе, доктори илмҳо, профессори адабиёти амрикоӣ Франсис Кушинг Эрвин, Донишгоҳи Флорида
• Том Лютс, профессори таълими эҷодиёти UC Riverside, асосгузори LARB
• Дебора А. Миранда, доктори илми тиб, профессори забони англисӣ, Томас Ҳ. Бродус, Донишгоҳи Вашингтон
• Брайан Рид, доктори илмҳои филологӣ, профессори забони англисӣ ва Миллиман, аз шӯъбаи илмҳои гуманитарӣ, декани илмҳои гуманитарӣ, Донишгоҳи Вашингтон
• Ҷудит Руф, Ph.D, Уилям Шекспир, аз шӯъбаи забони англисӣ, Донишгоҳи Райс
• Рене Атер, доктори илмҳои фалсафа, профессор оид ба таърихи санъати амрикоӣ, Донишгоҳи Мэриленд
• Михаэла Бронштейн, доктори илмҳои фалсафа, дотсент аз Донишгоҳи Стэнфорд
• Марк Гобл, дотсенти забони англисӣ, Донишгоҳи Беркли
• Ҳабиба Иброҳим, доктори илмҳои филологї, профессори забони англисӣ, Донишгоҳи Вашингтон
• Уоррен Лю, доктори илмҳои тиб, ёрдамчии профессор оид ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва амрикоӣ, Коллеҷи Скриппс
• Рикардо Ортиз, доктори илмҳои кишоварзӣ, шӯъбаи забони англисӣ, Донишгоҳи Джорджтаун
• Роберт Паттерсон, доктори илмҳо, шӯъбаи таҳқиқоти амрикоии африқоӣ, Донишгоҳи Джорджтаун
• Ҷесси Ок Тейлор, доктори илм, дотсент оид ба забони англисӣ, Донишгоҳи Вашингтон
• Бенҷамин Видис, н.и.и., ёрдамчии профессор оид ба адабиёт, Коллеҷи Ҳамилтон

Хулоса барномаи SUSI барои баланд бардоштани малака ва мањорати олимон ва устодони олам боргоњ ва маъхази беназир аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *