Изҳороти факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтери роҷеъ ба гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон

    Мо кулли устодону донишҷўёни факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаву сулҳҷўёнаи ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, баҳри гул-гулшукуфӣ, баланд бардоштани обрўю эътибор ва нуфузи ин сарзамини аҷдодиямон, ин кишвари биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистони соҳибистиклол аст, бо меҳнати софдилона, корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводе ба нашр расид, ки даҳҳо  нафар  рўзи  21-уми май дар  назди  сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада ва ба зидди Эрон ва ҳизби мамнуи  наҳзати  ислом шиор  додаанд.

Дар видеое, ки хабаргузории “СугдНюс” нашр кардааст, дида мешавад, ки чи гуна ҷавонони дар назди сафорат чамъомада: “Нест бод ҳизби наҳзат” шиор медоданд. Баъзе аз ҷамъомадагон ҳамчунин фарёд мекашиданд, ки “Фарзандони моро ба гуруҳҳои террористӣ ҳамрох накунед”.

Як нафар ҳам бо садои баланд мегўяд, ки “ҳеч кишваре набояд ба сиёсати давлати  Тоҷикистон дахолат кунад».

Ҳамеша мақсадҳои нопоку палиди ҳизби мамнуи наҳзатро, ки дар ҳама давру замон зидди қонуниятҳои амалкунандаи давлату миллат аст, маҳкум менамоем. Анҷумани ташкилкардаи онҳоро дар хориҷи кишвар эътироф намекунем, зеро он ба хотири оромиву осудаҳолии кишвар нест.

Халқи тоҷик аз азал тараннумгари ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо дар тамоми дунё бо номи тоҷик, бо адлу инсофу хирад овозадору машҳур гаштаем, на бо хунрезиву ваҳшоният. Дину мазҳаби худро пок дошта, намегузорем, ки хоинони кишвар истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш мақсадҳои нопоки хешро амалӣ гардонанд.

Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки роҳи фардои мо на ба сўи ҷаҳолату низоъҳои иҷтимоӣ, мухолифатҳову якдигарнофаҳмиҳо, балки роҳи пойдор намудани Истиқлолият ва Ваҳдати миллист. Нагузорем, ки хоинони миллат кишвари тинҷу осудаи моро нотинҷ намоянд.

Мо, халки сулҳхоҳи тоҷик, ҳамоиши баргузоргаштаро   пурра  эътироф  намуда,  шиорҳои  онҳоро  дастгирӣ менамоем.

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *