Дар санаи 21 май дар назди сафорати Эрон дар Душанбе митинги эътирозӣ бо иштироки даҳҳо нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Онҳо бо шиорҳои гуногун бар муқобили сиёсати дахолаткунандаи Эрон ба корҳои дохилии Тоҷикистон, дастгирии ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ аз тарафи Эрон баромад намуданд.
Дар ин хусус аз тарафи устодон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои ихтисосашон ба кафедра мутасаддӣ чунин изҳоротро пешниҳод мекунем:
- фаъолият ва кирдори ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ нодуруст аст, онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро ноором гардонанд, ҷавононро бар муқобили сиёсати давлати қонунӣ бармехезонанд;
- дӯстии байни Тоҷикистону Эронро эҳтиром гузоред;
- ҳукумати Эрон бо ҳар роҳ роҳбарони ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломиро дастгирӣ мекунанд, Муҳиддин Кабирӣ дар паноҳи ин кишвар аз ниятҳои нопоки худ даст намекашад;
- мо аз ҳукумати Эрон хоҳиш мекунем, ки чунин хоинони ватанро пушту паноҳ надиҳад, онҳо дар ҳақиқат ҷинояткоранд ва мувофиқи талаботи муносибатҳои байналмилалӣ онҳоро ба мақомоти амнияти ҶТ супоранд;
- ҷавонони кишварамонро гумроҳ накунед;
- ба ватан баргаштани гумроҳшудагони тоҷик кӯмак расонанд, бар муқобили террористони ҳақиқӣ мубориза баранд;
- дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест.
Мо тарафдори сулҳу осоиш ва ваҳдати миллии мардуми кишвар мебошем ва намегузорем, ки ҳеҷ гуруҳ, ҳизб ва ё ҳаракате оромию суботи ватани азизамонро халалдор намояд.
Устодон ва донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ