ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар як кишвар бояд худро аз хатарҳои манфии он ҳимоя созад. Ба қатори чунин хатарҳо ифротгароӣ ва терроризмро мансуб донистан мумкин аст, дар вақтҳои охир ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст.

Мутобиқи луғатномаи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» мафҳуми «ифрот» ва «ифротгароӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Ифротаз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан; ифротгароӣ- экстремизм; ифротгароӣ- мансуб ба ифрот: унсурҳои ифротӣ. он ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад; экстремист; ифроткорӣ – аз ҳадду меъёр гузаштан дар коре, ифрот кардан; ифроткорона – ба тариқи ифрот, ифротгарона».

Аз маънии ин мафҳумои зикргардида маълум мегардад, ки ифрот, ифрот кардан, ифротгароӣ, ифроткорона аз калимаҳои манфур ба шумор рафта, рўҳияи ҳамаро тамоюли бадӣ бахшида, инсони солимфикр наметавонад чунин ифодаҳоро ба худ қабул кунад.

Ифротгароӣ ҷинояте мебошад, ки хусусияти байналхалқӣ дорад. Ифротгароӣ бо назардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятиаш ба гурўҳи ҷиноятҳое шомил мебошад, ки онҳо бо тарзи маҷбурӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонида ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ё аз худ намудани салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амали гардонидани фаъолияти экстремистию террористӣ ва ғайра равона карда шудааст.

Дар моддаи 26-уми Сарқонуни мамлакат таъкид шудааст, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Дар ин модда яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои шахсӣ ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ ба озодии виҷдон муқаррар карда шудааст. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва пайравӣ аз дину оин аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошад. Қонунгузории Тоҷикистон  дар бораи озодии эътиқод ва ташкилотҳои динӣ асосан аз Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» иборат аст.

Барои ҷамъият хавфнокии кирдорҳои мазкурро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намудааст ва ҷиҳати ба амал баровардани мубориза бар зидди ин номгўи ҷиноятҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои ворид  намудааст.

  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёси, ки наҷодпарастӣ, милатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳро даъват менамоняд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст. Муттассифона ба чораҳои андешида нигоҳ накарда, имрўз як қатор ҷавонони мо ба ҷои бо таҳсил машғул шудан, ҳамчунин фаъолияти ободкориву созандагиро ба роҳ мондан ба ҳаргуна ҳаракатҳои иғвоангезу равияҳои номатлуб ҳамроҳ мегарданд, ки он метавонад барои охирон ва волидайни онҳо оқибатҳои вазнинро ба бор орад.

Имрўз мо бояд сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти азҳоби сиёсӣ, тарбияи насли наврас ҷонибдорӣ намоем ва муборизаи худро бар зидди ҳамагуна иғовою бўҳтон экстремизм ва ҷудоихоҳии динию мазҳабӣ ҷоннок намоем.

Ҷавонон барои худ бояд дарк намоянд, ки ҳамагуна кирдорҳои хусусияти ифротгароидошта бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Аз ин рў мо бояд, ки ҳушёр бошем ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Нисбат ба ҳар гуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетарафи нишон надиҳем.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии худро ба роҳ монда барои ҷавонон ҷиҳати таҳсил ва истироҳати онҳо ҳама шароитҳои лозимаро фарроҳам овардааст. Аз ин рў, ҷавонони мо бояд, ки холисона ва ба манфиати миллату давлати худ ҳақиқатро баён намоянд ва барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявиву демократӣ саҳми худро гузоранд.

ассистенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ Сайфиддинов Э.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *