Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи шаҳрвандон, кӯдакон ва ноболиғони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Сурияву Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаби 30-юми апрели соли 2019 тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оилаҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардида буданд, ба Ватан баргардонида шуданд, ки байни онҳо ҳаштод нафар фарзандони бегуноҳ низ мавҷуданд. Ин тифлони бегуноҳ, ки давомдиҳандагони насли ҳар яки мову Шумо ҳастанд, бо баъзе нофаҳмиҳои волидайни худ қариб, ки дар кӯраи оташи амалҳои даҳшатноку пурзиёни террористӣ несту нобуд мешуданд. Дар натиҷаи тарбияи дурусти онҳо мумкин аст, ки аз байнашон олимону бузургон ба воя расанд ва дар пешравию гул-гулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳмгузор гарданд. Хурсандиовар дар он аст, ки волидайнҳои гумроҳшуда хатогиҳои худро сари вақт фаҳмиданд. Зеро он оилаҳои баргашта аз кардахои хеш пушаймон шуда, ҳамарӯза тариқи телевизион ва радио баромад карда истодаанд ва талқин менамоянд, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳарактҳои ғайриқонунӣ дурӣ ҷӯянд. Хислати гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар дар рагу хуни мо тоҷикон маскан гирифтааст. Ва ин хиради азалиро Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ дастури ҳамешагии худ хонда гуноҳи садҳо нафарро бахшиданд.