Изҳороти шуъбаи тарбия ва фарҳанги ДИС ДДТТ нисбати дасисабозиҳои сиёсии хоинони миллат

 

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасосу бемояи бадхоҳону хоинони миллат, ба монанди М.Садриддин пахш мегарданд, ки ақидаҳои дурӯғини худро ба сари мардуми Тоҷик таҳмил кардан мехоҳанд. Бо истифода аз вожаи муқаддаси «Ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти конститутсионии давлат ва арзишҳои миллӣ эҳсоси нобовариро ба вуҷуд оранд.

Мо кормандони шуъба доир ба масъалаи матраҳгарда хулосаи зарурӣ бароварда, ҳамаи гуфтаҳои М.Садриддинро инкор ва маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, даъват ба амал меоварем, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид шуда, ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумхурӣ саҳми худро гузошта, ҷашни таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастоварди назаррас сазовор пешвоз хоҳем гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *