Душанбе – хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон!

Ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо ибтикори факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ дар ҳамбастгӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Душанбе – хонаи умеди ҳама тоҷикони ҷаҳон” баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба тарбия ва рушдиҷавонон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳрахон Аҳророва оғоз гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зеварой Бобоева зимни суханронии пурмуҳтавои хеш дар бораи таърихи шаҳри Душанбе ва созандагию ободкориҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, ҷавононро ба созандагию ободкорӣ даъват намуд. Доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов аҳли нишастро ба муносибати  Рӯзи пойтахт табрику таҳният гуфта, аз нақш ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ободию сарсабзии кишвар ёдовар гардид.

Дар мизи мудаввар устодони донишкада Биҳафиза Қурбонова ва Шаҳноза Шарипова перомуни пойтахти мамлакат ҳамчун хонаи умеди тоҷикон ва Душанбе – шаҳри сарсабз маърӯза намуданд

Сипас донишҷўёни соли аввал ва дуюми таҳсилашон бо забони англисӣ дар бораи Душанбеи ҷавону ҳамешабаҳор сухан ронда, шеърҳо қироат намуданд. Филми мустанад дар бораи таърихи шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Муовини директор оид ба тарбия ва рушди љавонон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳрахон Аҳророва мизи мудавварро ҷамъбаст карда, ба меҳмонон, устодон ва донишҷўён барои ташкили чунин мизи мудаввар арзи сипос намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *