ИЗҲОРОТИ шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС ДДТ нисбати  ғайбату дасисабозиҳои М. Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ аз 03 .02.2021

 

Имрӯзҳо собиқ аъзоёни ҲНИ ва дигар пайравони гумроҳгаштааш дар мамлакатҳои хориҷа панаҳ бурда, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ ба таври худ фалсафабофӣ менамоянд. Таҳлилҳо доир ба фаъолияти наҳзатиён собит менамояд, ки мақсадаи онҳо асосан ба миён овардани ақидаи бегона дар шакли муаммо ва инчунин ҳокимияти бегонаи ғайри ҳанафимазҳаб мебошад. Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашадии оромӣ ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқи озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати ороми қонуниро инкор мекунанд. Ин равияҳо имрӯзҳо мехоҳанд домони фаъолияти худро васеъ намуда, аз ҳисоби гурӯҳи муайяни ҷавонони ноогоҳ тарафдорон пайдо намуда, ба амнияти ҷомеа хатар ворид намоянд. Чунончӣ, яке аз наҳзатиёни хиёнаткору хоини фирорӣ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки санаи 3 феврали соли ҷорӣ бо ғайбату дасисабозиҳои навбатиаш дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ зери шиори дини мубини ислом баромад намуда, нисбат ба давлату миллати худ суханони таҳқиромез гуфта, роҳбарияти мақомоти қудратӣ ва шахсони баландпояи кишварро ғайбату тӯҳмат кард. Дар атрофи суханони подарҳаво ва сафсатагӯии М.Садриддин хулосабарорӣ карда, қайд мекунем, ки барномааш Макони ғайбат ва ё Fайбатхона аст. Чунки суханҳои назҳатиён аксаран ғайбату бадгумониро дар бар мегирад, ки он амали ғайриинсонӣ аст

Ба М.Садриддини бешараф, ки худро имрӯз диндор мешуморад ва бо ёдовар шудани сураи Ҳуҷорот, ояти 12 хотиррасон мекунем: Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! ……ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст!

Аз ин рӯ, набояд фаромӯш кард, ки фӯрутанӣ ва адаб аъмоли диндорӣ аст. Аҳли кишвари мо мусалмон ҳастанд ва аз дини мубини Ислом бохабаранд ва хуб медонанд, ки дини мубини Ислом динест, ки тамоми робитаҳои иҷтимоии инсонҳоро мадди назар дошта, барои ҳар кадоми онҳо меъёрҳо ва дастурамалҳои муфиде дорад. Аз ҷумла, масъалаи эҳтироми обрӯ ва шахсияти инсон аз масъалаҳоест, ки дар дини ислом аҳамияти бисёр калон дорад. Эҳтироми обрӯву шахсияти инсон аз воҷибот ба ҳисоб рафта, беэҳтиромӣ нисбат ба он, аз гуноҳони кабира маҳсуб мегардад.

Бо назардошти баррасии масъалаи мазкур, ҳар як нафари бовиҷдони миллат бояд бидонанд, ки амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд. Бинобар ин имрӯз роҳи ягонаи пешгирӣ ва коҳиш додани падидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо ҷавононе, ки дониши хуби муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини Ислом, хусусан аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба хубӣ огоҳ ҳастанд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *