ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКB ВА РУСӢ  ОИД БА НАЙРАНГҲОИ НАВБАТИИ М.САДРИДДИН ТАРИҚИ БАРНОМАИ “ПАЙВАНД“ (аз 12 .03.2021).

Собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ М. Садриддин воқеан яке аз иғвогар ва бешарафи ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад, ки тибқи супориши навбатии ҳоҷагони ҳориҷиаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боз бо мақсади ба миён овардани нооромиву ҷангу ҷидол байни халқҳои кишвар зери шиори дини мубини ислом баромад намуда, сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ “натиҷагирӣ кардаву сухан” мегӯяд ва ба ин васила тухми кинаву адоват кошта истодааст. Масалан, санаи 12 марти соли 2021 тариқи барномаи “Пайванд” худро ровии “донову адолатпарвар ” нишон дода, нисбати давлату миллат суханҳои қабеҳу нораво ва беасос баён дошт. Қабл аз ҳама ба М.Садриддин таъкид мекунем, ки чун ту ин қадар “доно” бошӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикиро бояд риоя намуда, калимаҳои онро дуруст талаффуз мекардӣ! Бо баробари ин калимаҳои дигар кишварҳоро дар ҷараёни баромад истифода мебарӣ. Чунончӣ, “сравнивать”, “фраза” ва ғайра. Хотиррасон бояд кард, ки дар ҳолати бо забони модарӣ сухан гуфтан танҳо бо забони тоҷикӣ сухан гуфтан лозим аст.Чаро? Аввал он, ки мо забони хешро олуда накунем ва ба дигарон намунаи ибрат бошем. Забони модарии хешро эҳтиром бояд кард. Хулоса, бо забони тоҷикӣ сухан кардани М.Садриддини бешараф ин  шармандагист!

Қайд кардан бамаврид аст, ки хушбахтона, миллати тоҷик мероси фарҳанги бой ва ғанӣ дорад ва бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардиданд ва ин ифтихори мост!

Инчунин М.Садриддин дар рафти суханрониаш он афрод, аниқтараш собиқ аъзоёни ҲНИ-ро, ки ҷиноятҳои ниҳоят вазнин содир намуданд, аз қабили даст ба қатлу куштор задаанд, тарафдорӣ кард. Имрӯз ин ҷинояткоронро “мусичаи бегуноҳ” нишон додан чӣ лозим аст? Дар атрофи ин гуна масоил М.Садриддин бояд андеша мекард… Аниқтараш он пайравони гумроҳгаштааш дар Сурия маҳбасӣ гаштаанд ва бархе оилаҳои наҳзатиён, аз ҷумла, занон сазовор ба ҳукми қатл гардиданд. Хотиррасон бояд кард, ки вақт довар аст ва ҷиноятҳои содирнамудаи назҳатиён ба ҳамагон аён ва исботи худро ёфтааст. Воқеан амалҳои ношоистаи бадхоҳони миллат дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам ва “Хиёнат” бо далелҳои раднашаванда бори дигар ошкор ва тасдиқи худро ёфтанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, дар интиҳои изҳороти хеш бо ифтихор қайд мекунем, ки имрӯзҳо ҳар сафари кории роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба худ файзу баракати беназир дорад. Иқдоми мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иқтисодию мадании ҳаёти сокинони ҳар як шаҳру ноҳия мусоидат хоҳад намуд.

Мо, омӯзгорони кафедра дар ҳар як гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ва меҳрубонию дастгириҳоро нисбати соҳаи маориф эҳсос менамоем ва ифтихор аз он мекунем, ки ҳама ин ғамхориҳои шабонарӯзӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар нигаронида шудааст.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *