ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонониДИС ДДТТ оид ба филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна”

Солҳои охир тибқи расонаҳои хабарӣ ва аз намоиши филмҳои мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” симои аслии роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ аён гардида буд. Ин навбат бо намоиши филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна” нақшаҳои разилонаи навбатии душманони миллат ошкор гардид. Филми “Шикасти фитна” сабабҳои ҳодисаҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баамаломадаро бозгӯ менамояд, ки бори дигар аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи саргардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати – “Паймони миллӣ” бохабар шудем. Дар филми мазкур нақшаву амалҳои разилона ва хиёнатҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои раднашаванда аён гаштанд.
Мо – ҷавонони Донишкада рафториу кирдори Холбашев Х., Мамдшоева У ва шариконашро маҳкум менамоям ва боварӣ дорем, ки бисёре ҷавонон низ ин амали онҳоро маҳкум менамоянд. Он мақсадҳои нопоке, ки ин гурўҳҳои ҷиноятпеша бо кўмаки роҳбарияти созмони террористӣ бо номи “Паймони миллӣ”мехостанд, амалӣ намоянд ва вазъиятро дар ҷумҳурии мо муташанниҷ намуда, ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд, амалӣ нашуд. Бояд қайд кард, ки ҳушёрию зиракии мақомотҳои марбутаи вилояти Бадахшон дар якҷоягии мардуми сарбаланди Бадахшон, умуман кишвар ва дар симои онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки метавонад, муқобили ҳар гуна зуҳуроту гурўҳҳои ғайриқонунӣ истодагарӣ намуда, амну суботи мардум ва давлатро таъмин намоянд.
Мо ҷавонон фаъолияти ғайриқонунӣ ва хиёнаткоронаи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро маҳкум менамоем ва бигузор хоинони миллат дар назди қонун ҷавоб диҳанд!
Мо дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем, ки истиқлолият ва озодӣ барои халқи мо азизу муқаддас аст. Воқеан, нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд. Бинобар ин, қадру манзалати Истиқлол ва инчунин Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва соли ҷорӣ 25-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳем намуд. Мо фарзандони миллат вазифадорем, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *