ШУКУФОИИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Имрӯзҳо мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои тинҷиву осуда умр ба сар мебарем, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Инак, ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 сол пур мешавад. Ин санади тақдирсоз, ки ваҳдату осоиши мардуми кишварро фароҳам овард, поягузори ҳама дастовардҳо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пешрафту тараққиёти диёрамон мебошад.
Иттиҳоду сарҷамьӣ боис шуд, ки соҳаи афзалиятнок – маорифи кишвар пеш аз беш рушд кунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷӯҳи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ҳамешагӣ мебошад. Маориф ва илм дар меҳвари сиёсати амалкунандаи ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва ин сиёсатро маьнавибунёд ё худ маьнависоз низ мегӯянд. Воқеан, солҳои охир бо бунёди даҳҳо мактаб, боғча ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, афзоиш додани маблағгузорӣ таконе гардиданд, ки соҳоти маориф ва илми кишвар дар марҳилаи сифатан нави рушд ворид шаванд.
Дар ин замина устодону омӯзгорон низ донишу маҳорати худро рӯз аз рӯз беҳтар гардонида, дар ҷараёни дарс аз усулҳои фаъоли таълим ва аз техникаву техналогияи муосир босамар истифода намуда, шогирдонашонро сабақ меомӯзанд, дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои фаннӣ онҳоро омода менамоянд. Дастовардҳои муҳассилин бозгӯи заҳмати натиҷабахшу босамари муаллимонанд. Шогирдон дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок карда, ғолибият ба даст меоранд ва шарафу парчами миллатро берун аз кишвар низ боло мебардоранд.
Эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” аз иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои ҷалби бештари мардум ба китобхониву китобдӯстӣ, дарёфт ва тарбия истеъдодҳои нав дар ҷодаи фарҳангу санъат, навовару ихтироъкор мусоидат мекунад.
Гузашта аз ин, хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ, ки дар ин озмунҳо иштирок карда, дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Баъди хатми мактаби миёнаи умумӣ ба донишгоҳи дилхоҳашон бе супоридани имтиҳоноти давлатӣ дохил мешаванд. Волидону омӯзгороне, ки барои ширкат варзидани фарзандону шогирдонашон саҳм гузоштаанд, аз ҷониби давлату ҳукумат ҳавасманд гардрнида мешаванд.
Ҳамзамон, дар байни устодону омӯзгорону мураббиён, донишҷӯёну хонандагон ҳамасола баргузор шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол”, “Роҳбари маҳфили сол” (барои муаллимони марказҳои таҳсилоти иловагӣ) “Мураббии сол”, “Донишҷӯи сол”, “Хонандаи сол” ва озмуни “Гирандаи квотаи Президентӣ” (шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ), қадрдонӣ гардидани беҳтаринҳо мебошад, ки ин аз таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи маориф дарак медиҳад.

Ин ҳама кору дастовардҳои кормандони соҳаи маориф бо туфайли пайдории Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, ки бояд ба қадру қимати сулҳу субот бояд расид.
Бояд ин неьмати бузургро ҳифзу гиромӣ доред. Асоси рӯзгори ободу пурсаодати мо аз ваҳдат аст. Онро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *