

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз он ки тамоми сирру асрори хиёнаткоронаи наҳзатиҳо дар назди мардуми кишвар ошкор шуда, оқибат ин тӯдаи хоинони миллат фирорӣ шуда, дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагонашон паноҳгоҳ ёфтаанд. Наҳзатиҳо бо паймони худсохта бо номи “Паймони милли…”, калимаи Тоҷикистон ҳамроҳ накардем, ба хонандаи закӣ он аён аст ва имрӯз фаъолияти муғризонаашро ба роҳ мондааст. Ин гурӯҳаки хоинони ифротии фирорӣ байнашон чӣ созиш аст ва онҳо чӣ тасмим мегиранд, вақт нишон дода истодааст. Корашон кофтукоби айби касон ва ба чашми мардуми кишвар хокпошист!
Наҳзатиҳо барои расидан ба мақсадҳои нопокашон сомонаи “Ислоҳ .нет”(Ислоҳ ТV) ва чанд барномаи ифротиро таъсис додаанд. Роҳбари сомонаи мазкур ва ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” –ро яке аз узви наҳзатиҳои фирорӣ афроди бешараф бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин ба ӯҳдаи худ гирифтааст, ки имрӯз бо лақаби “Иқболбӣ” маъмул гардидааст. Ин афроди бешараф солҳои сипаригардида ва аз оғози соли равон бо ҷалби думравонаш дар барномаи ифротии зикршуда баромадҳо доир карда, нисбат ба давлату ҳукумат, роҳбарияти олии кишвар туҳматномаҳои нав ба нав эҷод намуда, бо чунин роҳ мехоҳад, дар байни мардум норозигиро зиёд намояд. Бояд қайд кард, ки аз пас намоиши сабтҳои видиеоӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва ақидаҳои ровии он – М. Садриддин бе ягон шубҳа ба хулоса омадан мумкин, ки ин барнома характери ифротгароӣ дорад ва як роҳи мардумфиребӣ аст. Раҳбарияти наҳзат, хоса Кабирӣ барои расидан ба чунин мақсадҳои ғаразнокаш Муҳммадиқбол барин шахсонро моҳирона истифода мебарад. Танҳо М. Садриддин барин афроди қаллоб ва тӯдаи шогирдону думравонаш метавонанд, дар хизмати наҳзатиҳо бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки М.Садриддин-қаллоби гузаро, аз се нафар шаҳрвандони кишварамон бо роҳи фиреб қариб 500 ҳазор доллар гирифта, то имрӯз пас нагардонидааст. Хуллас, М. Садриддини қаллоби бешараф натанҳо бозичаи дасти Кабирӣ, инчунин бозичаи дасти хоҷагонаш шуда, дарбадари дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурўшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад!
Муҳаммадиқбол бояд донад, ки тариќи шабакаҳои иљтимоӣ худнамоӣ намуда, иғвогарӣ нашояд! Набояд дар љомеаи љаҳонӣ обрӯю нуфузи миллати соҳиб тамадунамонро паст занад!
Дар интиҳои андешаамон, қайд менамоем, ки мо устодон, яъне насли калонсол ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Ҷ. ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ