ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДИС ДДТТ ВОБАСТА  БА СУХАНРОНИИ М. КАБИРӢ ОИД БА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мо, ҷавонони ДИС ДДТТ зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ- ПМ, андешаҳои  хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имрӯз низ вобаста ба баёнияи Кабирӣ, ки нисбат ба баромади рохбарияти кишвар дар форуми Осиёи Маркази – Россия, дар шаҳри Остонаи Чумҳурии Қазоқистон баромад намуданд, боз худро мухолифин (оппозитсия)-и “донову сиёсатмадор”, нишон дода, суханҳои бемантиқона, дур аз ҳақиқатро баён дошт. Кабирӣ зимни баромади ифротиаш оид ба даврони Иттиходи Шуравӣ вобаста ба  колхозу совхоз мисолҳо оварда, дар рафти баромадаш суханронии Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Александр Лукашенкоро андешаи носолим пиндошт. Маълум буд, ки Кабирӣ дар дил ва андешааш чӣ қадар алам мекашад, ҳасад мехӯрад. Ба андешаи мо ҷавонон, чӣ нисбати Президенти Ҷумҳурии Белоруссия Лукашенко А. ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар афрод бояд бо дарки амиқ, мисолҳои равшан ва андешаи солим бояд сухан гӯяд! Акнун, ки имрӯз ТТЭ ҲНИ дар қаламрави ИДМ расман ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ шинохта шуд, Кабирии бешараф ба ҳар гапу андешаи пучу бемағз пардохтан мегирад.

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, нисбати баёнияи навбатии АЛАМи хоини миллат-Кабирӣ баҳои дурусти худро медиҳанд. Мо, ҷавонони ватандӯст минбаъд низ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, бахусус раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо, ҷавонони даврони соҳибистимқлол ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем

Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки  мақсади навбатии роҳбари ТТЭ ҲНИ-наҳзатии фирорӣ, М.Кабирии хоин  ин иғвогарӣ, нотинҷӣ ва эҳёи шӯру ғавғо дар мамлакат аст.

 Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт, моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок, чӣ дар сатҳи мамлакат ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *