ИЗҲОРОТИ шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ нисбати  фаъолияти ҳизбҳои бадхоҳ


Имрӯзҳо ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз имконияти васеъи шабакаҳои Интернет истифода бурда, бо тағйири ному ҳадаф, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Масалан, собиқ ҳизби наҳзати ислом, бо номи “Паймони миллӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ асосан дар барномаҳои ифротии “Пайванд”, “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир”  бо навбат баромад намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Ин ҳамон ҳизби хиёнаткор, ки роҳбараш Мухиддин Кабирӣ аст, ки ҳамагон онро имрӯз бо  ТТЭ ҲНИ мешиносанд, ин ҳизби бадхоҳ бо яке аз думравонаш Гурӯҳи-24 дар хориҷи кишвар маскан касб карда, бо пуштибониии хоҷагонашон фаъолият бурда истодаанд. Яке аз самт ва мақсади фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш ин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои ташвиқотию таблиғотиро ба роҳ монда, онҳоро гумроҳ намудан аст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки моҳи майи соли сипаригардида 5 нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Россия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Зимни тафтишот тасдиқ шудааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ тибқи дастури Тоҷиддин Назаров, ки лақабаш “Абу Усомаи Норакӣ” аст, амали номатлубро содир намудаанд. Ин гурӯҳи гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш бо дарназардошти вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *