Мо, омӯзгорони кафедра нисбати баромадҳои иғвогаронаи роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум менамоем. Имрӯзҳо низ ин нотавонбину бадхоҳони миллат, ки зиндагии осоиштаву рӯзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, бо ҳар роҳу восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон ва нисбати роҳбарияти олии мамлакати мо шикоят менамояд, дар ивази ин ба андешаи худаш “қаҳрамонӣ” аз ҳочагонаш манфиатҳои моливу дастгириҳои бемаврид ба даст овардан аст. Чунончӣ, М.Кабирӣ, вобаста ба баромади Сарвари давлат, дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ- форуми Осиёи Марказӣ – Россия, ки санаи 14 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Чумҳурии Қазоқистон баромад намуданд, чун тӯтивор такрор ба такрор бар зидди Ватану миллат ва Сарвари кишвар санги маломат мезанад. Ҳар кас бе душворӣ пай мебарад, ки агар М.Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравонаш рӯзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд, ё хобашон намебарад. Ҳарчанд ин афрод зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан доранд. Бадномкуниҳои навбатии Кабирӣ шабеҳи туҳматҳои қаблӣ аст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин қабил ҳасудхӯрон, аламзадагони номурод аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Асосан, Кабирӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.
Мо, омӯзгорони кафедра дар интиҳои изҳороти хеш фаъолияти бадхоҳони миллат-ТТЭ ҲНИ-ро сахт маломат намуда, маҳкум менамоем. Баробари ин, аз мардуми сарбаланди кишвар, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи бадхоҳони миллат ба гирдоби ҷангу ҷидолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат-ТТЭ ҲНИ нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.