Оқилова Саноат Аҳмадовна

Оқилова Саноат Аҳмадовна 25-ноябри соли 1972 дар ҷамоати Ҳайдар Усмон, ноҳияи Б.Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1979 дар мактаби таҳсилоти миёнаи №26 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, ноҳияи Б.Ғафуров таҳсилро оғоз намуда, аз соли 1987 дар мактаби миёнаи №5 ба номи 20-солагии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд таҳсилро идома дода соли 1989 хатм намудааст. Солҳои 1989 ба Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил шуда, соли 1994 бо ихтисоси филолог, муаллимаи забон ва адабиёти точик ба итмом расонид. Фаъолияти педагогиашро аз мактаби миёнаи №12 шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Солҳои 1997-2012 дар ФХДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар кафедраи забонҳо ҳамчун ассистент фаъолият бурдааст. Соли 2012 дар Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров кор кардааст. Давоми фаъолияти кориаш дар Коллеҷи омӯзгорӣ аз моҳи октябри соли 2014 мудири кафедраи адабиёт ва усули таълими онро ба уҳда дошт. Соли 2015 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва нақши он дар раванди тазкиранигории асри XIX ва ибтидои асри XX» ҳимоя намудааст. Солҳои 2016-2017 дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ ва аз соли 2017 то соли 2020 ҳамчун дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурдааст. Аз соли 2020-2021 дар Коллеҷи тиббии шахри Гулистон фаъолияти кориашро идома додааст. Айни ҳол дар МДТ «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар вазифаи котиби Шӯрои олимон фаъолият бурда истодааст. Оиладор соҳиби чор фарзанд.

 

КОРҲОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

 

 

 

Номгӯи асарҳои илмӣ ва методӣ Намуди асар Маълумотнома оид ба ҷойи нашри мақола Ҳаҷм Ҳаммуаллиф
1 2 3 4 5 6
1 Баъзе хусусиятҳои тазкираи «Туҳфат-ул аҳбоб фи тазкират-ил-асҳоб»  Корӣ Рахматуллаҳи Возеҳ мақола Паёми Сугд (Моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд).-  №11, 2011 С. 90-95. 0,6 ҷ.ч  
2 Шахсият ва ҳунари Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз назари Садри Зиё (дар асоси маводи «Тазкори ашъор) мақола Номаи Донишгоҳ, илмҳои чомеашиносӣ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Хуҷанд -2012,  №5 (33) – С.32-39. 0,7 ҷ.ч  
3 Назари Шаръӣ перомуни аҳвол ва осори Қорӣ Рахматуллоҳи Возеҳ (дар асоси маводи «Тазкират-аш-шуаро»)

 

мақола Ахбори ДДҲБСТ. (Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ) –Хуҷанд, 2013 №1(58)- С.245-252.

 

0,7 ҷ.ч  
4 Қорӣ Рахматуллоҳи Возех-муҷаддиди «Ақоид-ун-нисо»

 

мақола Тарих Тафаккури (Исторические воззрения. Научно-практические исследователей истории).-Ташкент 2013, №IV- С.59-68. 0,6 ҷ.ч  
5 Чанд ҳарфи тоза доир ба шинохти Возеҳ ва осори мансуб ба ӯ

 

мақола Паёми Суғд (Моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд).– 2013,№10. – С.71-81. 0,6ҷ.ч  
6 Принсипҳои тазкиранигорӣ ва сохти тазкираи Возеҳ дар қиёс бо  «Музаккир-ал-асхоб»-и Малеҳо  //Мазхари маони  (Маҷмуи мақолахо бахшида ба  75-солагии Абдукодир Зоҳидов) мақола Хуҷанд: Ношир, 2013.- С. 231-243.

 

0,6 ҷ.ч  

 

 

 

 

 

7 Вазъи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва баъзе масъалаҳои адабӣ дар«Туҳфат-ул аҳбоб»-и  Возеҳ

 

мақола Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). – Душанбе: Сино, 2014, 4\4 (140).- С.182-187. 0,7 ҷ.ч  
8. Анвои адабӣ ва зикри осори шоирон дар  «Туҳфат-ул аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ

 

мақола Мақоми арзишҳои миллию умумибашарӣ дар шароити ҷаҳонишавии маълумот. (маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ).- Хучанд: «Меъроч», 2014, С.281-291.

 

 

0,6 ҷ.ч  

 

 

 

    

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *