ИҒВОГАРОНИ БУРУНМАРЗӢ

Имрўзҳо созмону гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла  яке аз созмон бо номи бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”ва  дигаре  “Гурўҳи 24 “ тавассути  шабакаҳои иљтимоӣ баромад намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида мегиранд ва  бо суханҳои бесосу бемантиқ нисбати кишвари азизамон ҳарф мезананд. Бояд қайд кард, ки роҳбари созмони  зикршуда Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”-Ислоҳ.тv, дар барномаи “Минбари муҳочир ва дигаре узви фаъоли гуруҳи номбаршуда Беҳруз Тағойзода дар барномаи

“Садои мардум” зимни баромадҳояшон, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ин иғвогарони бурунмарзӣ бо ин роҳ мехоҳанд, ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохта, намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ва осудагӣ бошад.  Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки М.Садриддин ва  Б.Тағоев  омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд.

Дар фароварди андешаи хеш ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 -уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

Бадхоҳони миллат бояд донанд! Љавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард!

Ф.ҚУРБОНОВ ,

мудири шуъбаи кор бо

ҷавонони ДИС

ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *