Дар давоми моҳи декабри соли равон тариқи шабакаҳои ичтимоӣ, аз қабили Фейсбук аз номи афроде бо лақаби “Кумондон Fулом”, ки алҳол дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иқомат дорад, бо пешниҳоди далелҳояш нисбати рафторҳои аҳримании Муҳаммадиқболи Саддриддин тариқи навори видиоӣ намоиш дода шуд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон пас аз тамошои навори видиоӣ ва бо назардошти филми мустанади “Хиёнат” хулосабарорӣ хоҳанд намуд. Воқеан, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури назҳатиён аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст.
Набояд фаромӯш бояд кард, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд ва бо дастуру маблағҳои хоҷагони хориҷиашон боз мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки аз дирӯза имрӯз зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.
Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд, раъю андешаи солим дошта бошанд. Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом дода, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу ғайрати хешро равона хоҳанд намуд. Мо ба ин боварии комил дорем.