Экстримизими динӣ ва таъсири он ба ҷомеа

 

  Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад. Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо созандагию бунёдкорӣ, ташабусҳои пешбар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати худро дар арсаи байналмиллалӣ васеъ гардонида истодааст. Воқеан ҳам то замоне, ки ҳамагуна афрод аз воқеияти ҳол, баён мекунад мардум, хосса онҳое, ки ба ин ҳизб бовар доштанд, ангушти ҳайрат мегазанд.

Ҷованони имрӯзаи Тоҷикистон, ки аз технологияҳои инноватсионии пешқадам бархурдор аст аз решаҳои ноаёни ин нобасомониҳо албатта хабардор ҳастанд ва ҷиҳати нақшаҳои ногуворон ин душманони миллати мо огоҳи доранд.

Мо устодон бояд дар зери дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида ба ин рафтори хиёнаткоронаву саф-саттаи ин гурӯҳҳо, ки пур аз хуруфотпарасти аст ғараз менамоем ва хуб медонем, ки онҳо хиёнати худро ба ҳаргуна роҳҳо давом дода барои таърихи навини тоҷик доғе оранд. Дар ин лаҳзаҳо мо бояд ҷавононро боякдиливу сарҷамъи худогоҳии худшиносӣ ва густариши Ваҳдати миллию пояҳои истиқлолиятро тарғибу ташвиқ намоем, ки ин ба баландшавии амнияти миллӣ ба рушди иқтисодиву фарҳангии давлатамон оварда мерасонад.

 

ассистенти кафедраи

назарияи иқтисод

Ғафурова Ф.К.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *