Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба намоиши  филми мустанади  “Бешарафӣ”

 

Мо кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пас аз намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” мо хулосаҳоямонро нисбати кирдорҳои аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом -ҲНИ аз ҷумла нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин иброз менамоем.

Воқеан филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” тибқи далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо, аз ҷониби сокинони шаҳри Бохтар ҳамсоли беномусу бешарафи М.Садриддин, аз ҷумла, Мирзоев Абдуқаҳҳор, Шаҳло Насруллоева ва маълумоти бойгонӣ дар сатҳи баланд омода карда шудааст.

Мо рафтору кирдори бешарафии М.Садриддинро маҳкум карда, таъкид менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ хулосаи зарурӣ бароварда дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд, раъю андешаи солим дошта бошанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *