

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чун солҳои қаблӣ, зимни изҳороти навбатии хеш мехоҳем оид ба иғвогариҳои хоинони миллат, алалхусус собиқ ҳизби наҳзати ислом, алҳол паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли…”мебошад, сараввал баромадҳои қаблӣ ва навбатии ин қабил гуруҳро шадидан маҳкум намуда, баробари ин анешаҳоямонро иброз медорем. Бояд қайд кард, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат, амиқтараш ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” мебошад, ки ҳамагон ӯро бо лақаби “Иқболбӣ” мешиносанд, имрузҳо бо ҷалби шогирдону пайравонаш тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет” нисбат ба миллату давлати соҳибистиқлоламон баромадҳои беасос намуда истодааст. Масалан, санаи 28 январи соли равон ин афроди бешараф дар барномаи ифротии дар боло зикршуда боз сараввал худро “уламои дин” шуморида, сўиистифода аз дини мубини Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ, тавассути сомонаи “Исолҳ.нет”, бо ҷалби пайравонаш, аз ҷумла: Салим Султонзода, Шарофиддин Гадоев, Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Илҳом, ки худро шогирди М.Садриддин мешуморад, зимни баромадашон оид ба масоили сиёсати тағйироти кадрии кишвари соҳибистиқлоламон андешаи носолимро баён намуданд. Хулоса, ин тӯдаи бадхоҳони зархариди носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки бо ин васила фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба ҷолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Хулоса, аз минбари ифротии паймони худсохтаи наҳзат- “Ислоҳ.нет” ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки ин гуруҳи тӯдаи хоинони миллат барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин зада истодаанд. Боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем!
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо кормандони шуъба бори дигар баромадҳои ифротии М.Садридин ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!