

Имрўзҳо ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус “Паймони милли..”, ки ҳамон ҳаммаслакони пасмондаю иғвогари наҳзатӣ касифандешаанд, ки то ҳол ба худ хулоса набароварда, имрӯзҳо бештар тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет” баромад намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида мегиранд ва бо суханҳои бесосу бемантиқ нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олӣ ва мақомоти кудратии кишвари соҳибистиқлоламон ҳарф мезананд. Масалан, дар давоми моҳи январи соли равон Муҳаммадиқболи Садриддин, узви фаъоли “Паймони милли..”бо думравонаш, аз ҷумла, Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев, Шарофиддин Гадоев, Салим Султонзода ва Шавкати Муҳаммад дар барномаи “Минбари муҳоҷир” истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову бӯҳтонҳо бофта баромад намуда истодаанд. Ин тӯдаи хоинон асосан бо дастури хоҷагонаш гапҳои бардурўғро пеша намуда, бо навбат асосан дар барномаи ифротии дар боло зикршуда барои паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн карда истодаанд. Хоинони миллат бо ин васила мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд. Боздошти аъзоёну ҳаммаслакони собиқ наҳзат собит месозад, ки онҳо дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудан кўшиш доранд.
Мо бори дигар зимни андешаҳои солими ҳамешагиамон даъват ба амал меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, хеч як фарди солимақл бовар нахоҳанд кард. Имрӯз маҳз ҳамин хоинони аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ба таҳлука афтодаанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳукмфармо бошад.
Таърих гувоҳ аст, ки афроде алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар интиҳои андешаи хеш мо роҳбарияту аъзоёни паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” ва думравашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум менамоем.
А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ