ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба иғвоангезии навбатии хоини миллат-М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 28 августи соли 2024)

Мо кормандони шуъба илм ва иноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбат ба яке хоини миллат афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони миллӣ” мебошад, борҳо андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатии М.Садриддин, ки санаи 28 августи соли равон тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” боз иғвогарӣ намуд, сараввал онро маҳкум намуда, андешаи хешро иброз медорем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин зимни баробади ифротиаш чун солҳои қаблӣ вобаста ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар андешаи носолими худро иброз намуд. Умуман баромадҳои қаблию навбатии иғвогарии М.Садриддин суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бояд қайд кард, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд.
Таъкидан боз такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳи ватанфуруши иғвогари бешараф -М.Садриддин, умуман шогирдону думравонаш ва наҳзатиҳо ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро дигар карда наметавонад. Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Хулоса, ба ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони миллӣ”ва умуман, ба ҳамаи хоинони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан, номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли М.Садриддин ва думравонаш ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи Ватан ҳамчун хоини миллат ва чоплусони хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум руз аз руз дучанд шуда истодааст.
Мо кормандони шуъба зимни изҳороти навбатии хеш гуфтанием, ки мардуми сарбаланди кишвари соҳибистиқлоламон кайҳост, ки аз найрангҳои ҳаммаслакону думравони ин қабил афроди бешараф, аз ҷумла М.Садриддин ва умуман роҳбарияту ҳаммаслакони наҳзатӣ бохабаранду имрузҳо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мо фаромуш намекунем, ки танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикони бофарҳангу тамаддунсоз бояд онро ҳифз намоем!
Дар фарҷоми изҳороти хеш иброз медорем, ки мо кормандон ва ҳайати омӯзгорон Донишкада ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, решакан намудани ғояҳои ифротгароии наҳзатиҳо, бо ибораи дигар бар зидди хоинони миллатмуборизаи беамон мебарем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *