ГУМРОҲОНИ ВАТАНФУРӮШИ ИҒВОАНГЕЗ

Пӯшида нест, ки солҳои охир дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Мо дар робита ба ин мисол меорем, ки натанҳо дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, баробари ин , ҷанги бадтарине, ки дар соли охир байни Исроил ва Фаластин рӯй додааст, ҳанӯз идома дорад. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи расонаҳои хабарӣ аз 7 октябри соли 2023 танҳо дар яке ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ба на камтар аз 11479 нафар кушта шудаанд, ки наздики 5 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд. Теъдоди қурбониёни ҳарду ҷониб дар тӯли соли охир то имруз ба назар мерасад. Ин гуна ҳодисаҳои мудҳиш то имруз дар Исроилу Фаластин идома дошта, дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳо ҷой доранд. Хулоса, ин яке аз омиле мебошад,ки сабаби хушунату бераҳмӣ торафт зиёд шудан, вазъи марги мардуми осоишта торафт даҳшатовартар менамояд. Бо замми чунин нооримиҳои дунё боз шахсоне ёфт мешаванд, ки заҳри забонашон фикру ақидаи ботилу берун аз қолаби худро иброз медоранд. Мисоли тасдиқи ин гуфтаҳо яке аз тудаи гумроҳшуда ватанфуруши иғвоангез Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Муҳаммад Тағоев тариқи сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”, дар барноми “Минбари мухоҷир”ва яке аз пайравони наҳзатӣ Ҳусеён Ашӯров дар барномаи ифроти “Ҳақ ва ботил” мебошанд, ки имруз дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, дар давоми моҳи августи соли равон баромадҳо намуда, боз кӯшиш карданд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Ин гумроҳони ватанфурӯши ивғоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ лона монда, зимни баромадҳояшон бо нафрати беасос ва ғаразпешаашон ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои давлатдорӣ, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, нодида гирифтани дастовардҳои Тоҷикистон сухан ронда, тухми кинаву адоват коштанд. Воқеан, хоинони ифротии зикршуда аз табори ҳамон хоҷадорону лаббайгӯёни соҳибдоранд, ки ба ивази иғвоандозиашон мукофоту ҳадя мегиранд, лутф мешунаванд.Чунин палидоне, ки ба ҷуз иқвоангезӣ дигар кор аз дасташон намеояд. Ҳарчанд ин тӯдаи нотавонбинони миллат зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан дорад. Рафтору гуфтори гумроҳони ватанфуруши иғвоангез бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Дар фарҷоми андешаи хеш баромадҳои иғвоангези нотавонбинони давлату миллатро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, алалхусус ба муҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин тудаи нохалаф –ватанфурӯши иғвоангез, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *