
Мо тариқи расонаҳои хабари огаҳем, ки аз фаъолияти хоинони фирории миллат аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳи иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд халқи куҳанбунёди моро бадном созанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки афроди бешараф бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз пайравони фаъоли собиқ ҲНИ, ки алҳол “Паймони миллї…” ном дорад, оқибат аз кишвар фирорӣ шуда, дар Аврупо паноҳ ёфта, вақтҳои охир дар шабакаи иҷтимої, баромадҳои иғвогарона менамояд. Масалан дар давоми моҳи августи соли равон санаҳои 11, 14, 18, 21, 25 ва 28 август дар сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону пайравонаш зимни баромад иғво барангехта, вобаста ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварро нодуруст арзёбӣ намуд. Таҳлилҳои мо собит менамояд,ки баромадҳои навбатии М.Садриддин ва пайрвонаш бешубҳа боз тибқи супориш ва сенарияи таҳиянамудаи устодаш Муҳиддини Кабирӣ ва ҳоҷагони хориҷиаш мебошад. Чун устодаш М.Кабирӣ суханҳои иғвогаронаро боз пеша намуда, такрор ба такрор ва беасос дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод намуд.

Хулоса, имрӯз бадхоҳони миллат дар Аврупо қарор доранду аз рушди босуръати Тоҷикистони азизамон бехабаранд. Такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро, таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем!
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ