ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ, дар ш.Хуҷанд доир ба баромади набатии бадхоҳонн миллат дар сомонаи “Ислоҳ.нет” (аз 14.02.2024 сол)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳорот ва мақолаҳои хеш нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат, алалхусус вобаста ба баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли…” мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста дар атрофи суханрониҳои набатии М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 14 феврали соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ нет.” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада намудаанд, ибрози андеша менамоем. Ин навбат низ ровии барномаи ифротӣ- М.Садриддин, аз оғози баромадаш бо ибораҳои динӣ сухан ронда, худро боз “уламои дин” шуморида, наворҳоро вобаста ба Афғонистон намоиш дода, бо ин васила гуё ки кишвари ҳамсоя корҳои ободонию созандагӣ ва соҳаи саноат рушд ёфта истодааст маънидод карда, сиёсати имрузаи ҳаракати “Толибон”- ро ҷонибдорӣ намуд. Ҳол он ки «Толибон», яке аз ҳаракате мебошад, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст. Имруз ҳаракати “Толибон” вазъи ҳамсоякишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз љиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рў ба таназзул мебаранд. Тарафдорони ин гурўҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат љорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Баробари ин, солҳои охир соли равон дар ин кишвар бештар амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, бояд кард, ки тибқи маълумотҳо оид ба рейтинги сатҳи идекси терроризм дар ҷаҳон (Global Terrorism Index) Афғонистон ҷои аввалро ишғол менамояд.
Инчунин дар барномаи ифротии зикршуда пайравони “Паймони милли”, бо ибораи дигар се иғвогари шайтонӣ, аз ҷумла Салим Султонзода, Шарофидин Гадоев, Муҳаммад Тағоев оид ба масоили барқ ва Афгонистонро бо кишвари соҳибистиқлоламон муқоиса карда, андешаи бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён карданд ва суханҳои ифротии М.Садриддинро ҷонибдорӣ намудаанд.
Хулоса, таъкидан қайд менамоем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравони баромаднамудааш, умуман наҳзатиёни ифротӣ, яке аз гуруҳҳои бадҳоҳони миллату давлатанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза, дар таҳлука афтодаанд. Ин гурӯҳаки хоинон бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегўянд.
Дар интиҳои изҳороти хеш, қайд менамоем, ки ҳар кас аз баромадҳои бемантиқу беасоси Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли…” пай мебарад, ки дар ҳақиқат яке аз тудаи чоплусоне мебошанд, ки ақли худро бохтаанду аз бадсириштӣ, беасос ғайбату иғвогарӣ мекунанд. Бинобар ин, мо бо шинохти чеҳраи манфури чоплусони ақлбохта – Муҳаммадиқбол ва Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев, Гадоев Шарофидин, бо ибораи дигар суханбозони дурўя барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротии наҳзатиёни фирорӣ муборизаи беамон бояд барем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *