

Имрузҳо бадхоҳону давлату миллат, бахусус раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” дар асл ҳамон ҲНИ мебошад, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи ифротиаашонро ба роҳ мондаанд, ки яке аз роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад. Таблиғотиии ифротии “Паймони милли…” асосан тавассути сомонаи Ислоҳ.нет” (Ислоҳ.ТВ)” дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла “Минбари муҳоҷир”, ровиаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва “Дурахши ҳақ” ва думраваш Абдухалил Восеев дар бо навбат баромадҳои ифротӣ менамоянд. Ин бадхоҳони миллат бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳанд ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунанд. Хулоса тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, роҳбарияти ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони милли…” мехоҳанд мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири манфӣ гузорад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад.Умуман, ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои муайян ва дар ҷанги иттилоотии давр шинохташуда мебошанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст. Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард. Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунд ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист.Ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад.
Хулоса, имрўз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Зимни натиҷагирӣ, метавон қайд кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳои ифротӣ фароҳам меорад. Имрўз ки насли ҷавон ба интернет вобастагии зиёд дорад, ки он ҷанбаҳои хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зўрию зўроварӣ, хушунат ба рўҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Мо омўзгорон вобаста ба масъалаи мазкур хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди ифротгароии иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрўза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем!
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ