М.САДРИДДИН БА ИҒВОГАРИЮ ҒАЙБАТ САРГАРДОН АСТ!

Имрӯзҳо Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз аъзои фаъоли “Паймони милли…” мебошад, ки аслан аз ҳамон ҳизби пасмондаи наҳзатиҳо, оқибат аз фош шудани фаъолияти муғризонааш, дар кишварҳои Аврупо фирорӣ шуда, имрузҳо тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигири ба ӯҳда гирифта, ба иғвогарию ғайбат саргардон аст ва ба арзишњои милливу инсонӣ ягон эњтироме надорад. Барояш хостањои роҳбараш Кабирӣ ва хоҷањои хориҷӣ болотар аз њама муқаддасоти дигар мебошад.
Ҳар фарди солимақл бе ягон душворӣ аз баромадҳои қаблию имрӯзаи М.Садриддин пай мебарад, ки ӯ ва умуман ҳаммаслаконаш фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош дорад ва бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияи наҳзатиҳо аён аст, ки мехоҳанд миёни мардуми кишвар паҳн намоянд ва асосан ҷавононро ба худ ҷалб карда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти гўё «динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона намоянд.
Бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2023 ва аз оғози соли 2024 то имрӯз роҳбарияту аъзоёни паймони худсохтаи наҳзат, бо навбат яке дар барномаи “Минбари муҳоҷир, дигаре дар “Дурахши ҳак” бо ровигии Абдухалил Восеев ва Ҳусейн Ашӯров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ровигӣ намуда, бо ин роҳ мехоҳанед нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Вале, раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони наҳзатии тафриқаандоз-“Паймони милли…” бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин аблаҳони гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатие, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд, худдорӣ намоянд. Њадафњои гуруҳи хиёнаткорон, хоса М.Садриддин ва шогирдону ҳаммаслакон ва думравонаш, умуман гурӯҳҳаки наҳзатӣ бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Имрӯз ҳар шаҳрванди кишварро, новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пешрафт ва гулгулшукуфоии Ватанамон саҳми арзанда гузоранд.

Ш.Абдулфайзова
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *