ИЗҲОРОТИ шуъбаи Хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи шаҳрвандӣ ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти иғвоанегзонаи ТТЭ ҲНИ ва “Гурўҳи -24”

Имрўзҳо ҳизбу гурӯҳҳо ба монанди ТТЭ ҲНИ, Гурўҳи -24  ва дигар  равияҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон ҳарф мезананд. Аз ҷумла, ашхоси дурӯя  Кабирӣ ва дигар афрод Беҳрўзи Тағойзода пайрави  “Гуруҳи 24” дар барномаи ифротиашон пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Таъкидан қайд менамоем,ки ин ифротгароён ба ҷойи ин корҳои  иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Баробари ин ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат  ҳатман ҷавоб хоҳад дод! Дар фарҷоми мақолаи хеш мо  Кабирӣ ва Беҳрузи маъюси ҳасадхўрро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат – М.Кабирӣ, Б.Тағойзода  дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *