ҲАДАФҲОИ ДУШМАНОНАИ КАБИРӢ АЁН АСТ!

Баъд аз аёну тасдиқ шудани амалҳои номатлуби содирнамудаи собиқ аъзоён ҲНИ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ фирорӣ шуда, алҳол дар Аврупо истиқомат дорад. Кабирӣ ва собиқ аъзоёни номи ҳизбро “Паймони миллӣ…” номгузорӣ намуда, тариқи барномаи ифротиаш намоишкорона бо ҳар гуна ранг пайдо шуда, дастоварҳои кишварамонро нодида мегирад. Баробари ин дар атрофи масоили сиёсату фаъолияти роҳбарияти олиии кишвар ва инчунин нисбати президентҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил аз қабили Ҷумҳуриҳои Белорус ва Туркманистон беягон ассос тўҳмату ѓайбат мекунад. .Умуман рафтору гуфтори Кабирӣ аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ дар ягон қолиб рост намеояд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Ин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Умуман рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иѓовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Хулоса, ҳадафи душманонаи Кабирӣ ба ҳамагон аён аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Кабирӣ, суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *