ИЗҲОРОТИ кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои иннноватсионӣ нисбати амалҳои иғвоангезонаи М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо омўзгорони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои иннноватсионӣ мазкур тариқи васоити ахбори умум мушоҳида намудем, ки яке аз хоини миллат, роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо иваз намудани номи ҳизб ба “Паймони миллӣ…” бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ кўшиш дорад, чун солҳои 90-уми асри гузашта муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ҷалб созад.

 Тибқи нақша ва роҳнамоии хоҷагонаш Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ…” баромад намуда, нисбат ба халқи азизи мо таҳдиду иғвогарӣ мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, нодида гирифта, мавриди интиқом қарор медиҳад. Умуман ягона роҳ барои фаъолияти наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки наҳзатиён аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Аз ин рафтору гуфтор халқу миллат, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ мегўяд?! Миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад!? Ин гуна ҳолат, аз ҷониби дигар миллату халқ имрўз ба мушоҳида намерасад! Ин далелу арқон моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Бинобар ин имрўз ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо ва умуман ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ огоҳ созанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *