Изҳороти шуъбаи  бакайдгирӣ ва машварати ДИС ДДТТ доир ба филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат»

 

         Дар давоми моҳи июл ва августи соли равон  тариқи барномаҳои телевизонии вилояти Суғд, аз қабили 7-ситора, СМ-1 , «Азия», «Диёр» ва «Танин»   филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» намоиш дода шуд.  Дар филми зикршуда доир ба даст доштани ин ТТЭ  ҲНИ вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содиршуда буданд, бо далелҳои амиқ намоиш дода шуд.   Бори дигар аз ҷониби  хешовандони М.Кабирӣ   амалҳои содирошудаи  ҲНИ  тасдиқи худро ёфтанд.  Чунончӣ,  додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор дода, дар содир шудани ҷиноятҳо гунаҳкори асосӣ ҳисобиданд. Воқеан бе назардошти ин далелу иқроршавиҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури ҲНИ ва роҳбари он аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст. Таъкидан Кабириро хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо М.Кабирӣ бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию  манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.Ҷои таассуф аст, ки ному симои наҳзатиён ҳамчун хиёнаткори асосии халқу ватан ва ҳамчун бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд.

Хулоса, ҳадафи асосии мо он аст, ки ҷавонон худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиа шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.

Боварӣ дорем, ки  ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзида, 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамонро бо дастовардҳои  беназир пешвоз хоҳем гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *