Изҳороти Шӯрои занон ва духтарони ДИС ДДТТ  оид ба филми мустанад бо номи “Хиёнат”

 

Мо бонувони донишкада филми мустанад таҳти унвони «Хиёнат»-ро тамошо намуда, паҳлуҳои муҳтавои онро, мавриди муҳокима қарор додем. Дар филми зикршуда дар бораи амали ғайриқонунии Ҳизби  наҳзати исломӣ маълумот медиҳад.

Дар ҷараёни филми мазкур яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҲНИ Сатторов Аёмиддин вобаста ба амалҳои террористӣ ва ошуби дар қаламрави Тоҷикистон содиршударо шарҳу эзоҳ дода, ҷиддан М.Кабириро айбдор ва гунаҳкори асосӣ мешуморад. Бо баробари ин додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор доданд. Воқеан бе назардошти ин далелҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури ҲНИ ва роҳбари он аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст.

Мо Шӯрои занон ва духтарони донишкада кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум мекунем ва нахоҳем гузошт, ки хиёнаткорону душманони миллат минбаъд нақшаҳои нохалафи худро амалӣ кунанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида кулли ҷавононро ба созандагиву ободкории Ватан  даъват ба амал оварда, хоҳони онем, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода Ватани хешро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Барои ҳамаи мо вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан аз дируза бештар ҳис намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *