ТТЭ ҲНИ ҲАМЧУН ПАЙРАВИ ТЕРРОРИЗМИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва зиндагии осудаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.Ногуфта намонем, ки дар тамоми гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои мардуми ҷаҳон айёми душвору сангинро ба миён овард. Яке аз муаммоҳои ҷаҳони муосир ин афзоши хатари терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо шиори ислом пардапӯш шудааст. Якчан гурӯҳхои нохалафони ифротгар ба мисоли ҲНИ бо ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд. Барои ба мақсад расидан ин ташкилоти террористи экстремистӣ ба имону эътиқоди динии ҷавонон таъсир расонида, ҷавонони тамоми дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ҳамин роҳ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода бурда ҷавононро ҷалб мекунанд. Дар иртибот ба ин чанд мисол меорем. Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Спитамен. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, дар ҷангҳои Сурия иштирок кардааст. Бо баробари ин у  бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад. Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИ шомил шуда, сипас соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил гардида, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ё мисоли дигар Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дорад. Ин гуна мисолҳоро боз овардан барои мо мушкилие нест.Мисолҳо хеле зиёданд ва он собит мекунад, ки  ТТЭ ҲНИ дар ҳақиқат пайрави терроризими ҷаҳонӣ аст. Хулоса қайд кардан зарур аст, ки дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намоянд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.Яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои  сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.      Бинобар ин  ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарзу  масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

 

Раҳмонова М.А.-ассисенти кафедраи

 математекаи олӣ ва технологияҳои

 инноватсионии ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *