Изҳороти шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати ДИС ДДДТ доир ба масоили боздошти Иззат Амон

Солҳои охир, наҳзатиёни фирорӣ ба мисли М.Кабирӣ ва М.Садриддин дар Аврупо иқомат дошта, тибқи дастуру супоришҳои навбатии ҳоҷагони хориҷиашон боз даъвои сиёсату сиёсатбозӣ карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ “беҳтарин дипломату нобиғаи аср” месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти на чандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба эътибор намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд, давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад. Яке аз шогирдон ва ҳаммаслакони нави наҳзатиён Иззат Амон мебошад, ки оқибат ИЗЗАТ ба БЕИЗЗАТ табдил ёфтааст. Иззат Амон аз қабили онгуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найрангбозист. Пеш аз ҳама бетарбиятӣ, беадабӣ, бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷуиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуби Иззат Амон дохил мешаванд, ки инсонро ба беобрӯгиву шармандагӣ ва ниҳоят  иллат ба миллат  мезанад.  Ниҳоят барои содир намудани чунин амалҳои номатлубаш мақомоти дахлдори ФР шаҳодатномаи шаҳрвандии вайро бекор карда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ кушода буд. Инчунин барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Имрӯз баъди истирдод (депортация) ӯ аз Русия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Воқеан қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоне, ки ба корҳои номатлуб даст мезанад, оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ниҳоят ҳақиқат ғолиб меояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *