Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ нисбати фиребгарӣ ва қаллобии Иззат Амон

 

Мо кормандони шуъба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба боздошти Иззат Амон, бохабар ҳастем ва доир ба ин масоил ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки мавсуф таи солҳои тӯлонӣ дар шаҳри Москава ва дигар шаҳру ноҳияҳои Федерастсияи Русия (ФР) иқомат дошта, таи беш аз 20 сол  роҳи қаллобиро пеша карда, чандин муҳоҷиронро ғорат кардааст. Барои содир намудани амалҳои номатлубаш мақомоти дахлдори ФР шаҳодатномаи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор карда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ кушода буд.Тибқи нишондоди ҷабрдидагон Иззат Амон ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст. Дар ҳақиқат дар хориҷи мамлакат бархе аз муҳоҷирон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, мавриди фиреб қарор мегиранд. Бо баробари ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.Баъди аз Русия мустарад(депортатция) кардан ӯ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Аммо имрӯз оид ба ин масоил дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наҳзатиён, аз ҷумла М.Кабирӣ  маълумоти амиқ надошта, беасос садо баланд карда, ба ҳар васила ҳукумати кишварро танқид менамоянд ва мехоҳад нишон диҳад, ки Иззат Амон аслан гуноҳе надораду даст ба амалҳои ношоиста назадааст ва танҳо манфиатҳои муҳоҷиринро ҳимоя менамояд. Чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Вақт довар аст ва набояд фаромӯш кард, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Хулоса, хотиррасон бояд кард, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *