Изҳороти шуъбаи ҷавонони ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва тарбияи шоистаи ҷавонон

Чи тавре, ки ба мо маълум аст, кишвари мо Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, комилҳуқуқ, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дунявӣ будани давлат кафолати он аст, ки масъалаҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Татбиқи ин қонун барои ҳар кадоми мардуми шарифи кишварамон то кунун зиндагии шоиставу арзандаро муҳайё сохтаст.

 Мусаллам аст, ки бинобар сабаби муташанниҷ намудани вазъияти кишвар тайи солҳои охир аз ҷониби ТТЭ ҲНИ фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Мо ҳама хуб медонем, ки ин наҳзатиҳо ҳанӯз аз замони Истиқлолияти давлатиамон оромии кишварро бо ҳар роҳу восита халалдор месохтанд. Бо баста шудани фаъолияти ин азҳоб мардум нафаси озод гирифтааст. Зеро дар охир маълум гардид, ки ТТЭ  ҲНИ созмони террористӣ ва экстремистӣ буда, миёни мардум беобрӯ гардид.

Имрӯз бошад вазифаи  ҳар кадоми аз насли ояндасози миллат аст, ки Истиқлолияти кишвари азизамонро ҳифзу ҳимоя намуд, нагузорем, ки касе ба сулҳу субот ва оромии ватан халал ворид созад. Дар ҳамин радиф вазифаи мо ҷавонон аз он иборат аст, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Онҳоро хушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ намоянд. Мо насли ҷавону худогоҳи Ватан ин андешаҳои ифротии бадхоҳлни миллат ва пайравони “кордону ҳуқуқдон”- ашонро маҳкум намуда, баҳри пойдории арзишҳои миллии хеш талош менамоем.

Пешвои миллат, Президенти кишварамон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён карданд: «Ислом дини мукаддас аст. Ҳадафу максадаш сулҳу осоиштагӣ ва аҳлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта, барои ў муқаддасоте вуҷуд надорад». Бигзор бо фарҳангу маданияти баланди тоҷик оламиён моро шиносанд, ки мо тоҷикем, соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *