Оқибатҳои манфии сиёсати ҳизби экстремистии нахзати исломӣ

Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки насли ҷавони тоҷик ва дигар тоифаи аҳолӣ бар он назаранд, ки ТТЭ ҲНИ (хизби экстремистии наҳзати ислом) сабабгори бисёри бадбахтиҳо мебошад, ки бо ҷавонони тоҷик дар дохили кишвар ва дар хориҷ рух додааст. Пеш аз ҳама гуреза шудани шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистон, баъдан кушта шудани ҷавонони мо дар ҷанги шаҳрвандӣ, ба равияҳои экстремистӣ пайвастани шумораи зиёди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба маҳбас кашида шудану гуреза шудани онҳо ба кишварҳои Аврупо, сабабгор танҳо ТЭТ ЊНИ мебошад.

Маҳз роҳбарии сарвари оқилу донишманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамаи гурезагон ба Ватан баргардонда шуда, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Шукр, ки ба шарофати ақлу хирад ва азму иродаи халқи фарҳангпарварамон мо тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор халос шавем. Вале дар шароити ниҳоят ноороми дунё ба хотири боз ҳам ҳушёру зирак буданамон ба ёд овардани он лаҳзаҳо ҳикмати худро дорад.

Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.
Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.

 Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.

Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад.

Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.
Ҳол он ки даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд.
Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омўзгорон, рўзноманигорон, аъзои фаъоли гурўҳҳои террористӣ мебошанд. Масалан: Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион долар мерос расида буд. Террористӣ машҳур Карлос (шагол)писари миллионери Венесуелаги аст. Ифротгароӣ терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур, инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад.

Ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароие мавҷудбуда метавонанд, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода мекунанд. Имрўз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви чомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пешрафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгири менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем дар атрофи Сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, ватанро ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Ахмедова Д. А., н.и.и.,
муаллимаи калони
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *