ИЗҲОРОТИ омузгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбат ба гурӯҳхои муташаккили ҷиноятӣ дар ВМКБ

Мо, омӯзгорони кафедра зимни изҳороти қаблиамон вобаста ба рафтори хоси девсирату бадкирдории афроди ҷиноии Хоруғи Боло бо номи Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҳаммаслаконаш ибрози андеша карда,шадидан маҳкум намуда будем.
Имруз низ устодони кафедра оид ба амалҳои навбатии бадхоҳони миллат худро бетараф нагузошта , иброз менамоем, ки ҳодисаҳои рӯзҳои моҳи майи соли равон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ аз ҷониби ҳаммаслакони афроди ҷиноятпеша Мамадбоқир дар талоши мураккаб намудани вазъи орому осудаи Ватани мо, миллати ориётабору оламшумули моро доштанд. Ин гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноятҳояшон ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшонро бо ташкил кардани гирдиҳамоӣ ноором сохта, ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ даст заданд.
Ҳадафи андешаи мо ин аст, ки ҳаммаслакони Мамадбоқир бояд донанд, ки гирдиҳамоӣ ташкил намуда, худнамоӣ ва иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи диёри хеш ва умуман Тоҷикистониро паст зананд?! Дар робита ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки яке дар рутбаи генералӣ, Абдуҳалим Назарзода, дигаре собиқ полковник – Мамадбоқир, обрӯи рутбадоронро паст заданд. Охирин оқибат чоҳкан зери чоҳ шуда, бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуд. Чунин афрод ҳаргиз ба манфиати ҷомеаи мо кор нахоҳад кард.
Моро зарур аст, ки ба иттилооти баъзе ифротиёне, ки имрӯз кӯшиш доранд, байни мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо нофаҳмию нооромиро ба миён оранд, бовар накунем. Ба ёд меорем, эътирозҳо дар майдони “Шаҳидон”, ҳаракату ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати ислом, Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайраҳо, ки ба чӣ гуна кулфатҳо мардуми моро рӯ ба рӯ намуд.
Хуллас, имрӯз, аз амали навбатии ҳаммаслакони Мамадбоқир парда аз болои асрори воқеъаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон бардошта шуд. Мардум дарк намуданд, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар ин қазия гунаҳкоранд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад.
Метавон қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва афроди ҷиноятпеша чорҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд. Танҳо бо роҳи дастаҷамъона мубориза бурдани аҳолӣ, зиёиён, мансабдорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба беадолатӣ, қонуншиканӣ хотима бахшидан мумкин аст.
Мо дар фарҷоми изҳороти хеш , аз тамоми сокинони боору номус ва ватанпарвари Бадахшон ва умуман мардуми меҳандӯсти Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ муборизаи беамон барем ва ҷавонони ноогоҳро аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза пешгирӣ намоем, то онҳо обрӯву эътибори мардуми моро дар арсаи байналмилалӣ паст назананд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *