КИРДОР ВА НАТИҶАИ АМАЛИ НОҶОИ МАМАДБОҚИР

Таввасути расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, афроди ҷиноятпеша Мамадбоқир Мамадбоқиров, собиқ полковники қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон солҳои охир, пас аз дур шудан аз сафи кӯшунҳои ҳарбӣ ба як қатор ҷиноятҳои гуруҳӣ ва зиддидавлатӣ дастзада, барои ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ ва халалдор сохтани оромии ҷомеа, ташкили зуроварӣ ва захмӣ намудани корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Бадахшон айбдор карда шуда, дар ҷӯстуҷӯ қарор дошт.
Тибқи маълумоти расонаҳои хабарии кишвар, Мамадбоқир, санаи 22-юми майи соли ҷорӣ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, кушта шуд.Оқибати кори ҷинояткор ҳамин аст!
Баробари ин бояд кайд кард, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар рафти иҷрои амалиёт аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дастгир карда шудаанд. Умедворем, ки чунин шахсиятҳои ҷиноятпеша ва гумроҳу аз аслияти хеш бегона, тибқи меъёрҳои қонунгузориҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовар хоҳанд гирифт. Баробари ин, метавон қайд кард, ки воқеан имрӯзҳо муборизони ватан, ки бар зидди чунин гумроҳон муборизаи беамон мебаранд ва як муваффиқият дар роҳи таъминоти суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми андешаи хеш аз тамоми ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки бар зиддӣ чунин шахсони нопоксиришт ва гумроҳу ҷинояткор муборизаи дастаҷаъмона бурда, ба халалдор сохтани суботи сиёсӣ ва Ваҳдату Истиқлолияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистони азиз муборизаи беамон барем. Чунончи, бузургони тоҷику форс мефармоянд, «қувваи мушт дар якҷоягии ангуштон аст». Бинобар он, ваҳдату якдилӣ ва амалӣ якдилонаи мо метавонад моро ба қуллаҳои мақсад бирасонад, то бар зиддӣ душман ва чунин гумроҳон муборизаи доимӣ ва беамон барем.

Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *