ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба баромади навбатии хоини миллат –М.Садриддин (27.09.2023сол)

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳоротҳо нисбат ба баромадҳои ифротии хоинони миллат- раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ андешаронӣ намуда, онро шадидан макҳкум намуда будем.
Бо дарназардошти ҳаводисҳои солӣ ҷорӣ метавон қайд кард, ки хоини миллат-М.Садриддин аз дастовардҳои беназири кишвар ва умуман воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус дар сомони ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғул аст. Масалан, санаи 27 сентябри соли равон М.Садриддин баромад намуда, чун баромадҳои қаблиаш нисбати роҳарияти олии кишвар суханҳои беъманию беасос ва бадқилиқӣ зоҳир намуд. Дар ҷараёни барномааш ин навбат худро “муфаттиш” нишон дода, он баромадкунандагоне, ки дар реҷаи “Онлайн” баромад менамуданд ранги борон суоли бемантиқ медод. Масалан, ба муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва як қатор афрод, ки бархе аз онҳо пайравони Муҳаммадиқбол низ буданд ва бо маслиҳати пешакӣ барои тақвият додани сухани бадманиши бадхоҳи миллат баромад намуданд. Аз баромади навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин ҳар фарди солимақл бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ӯ дар ҳар баромадаш дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегираду ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат мекунад. Бо шунидани суханҳои Муҳммадиқбол ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дорад ва имрўз хоини миллат аст. Воқеан, хоинони миллат- раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, имрўз бештарашон фирорӣ шуда, дар Аврупо аз минбар истода, бар хилофи адолат гап мезананд. Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳони миллат, умуман наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса, фитраткушу харобиовар аст. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Мо устодон-насли калонсол ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *