

Мо қаблан зимни мақолаҳои хеш нисбати фаъолияти муғризонаи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ибрози ақида намуда онҳоро, «муллои аврупоӣ» ном гузошта будем. Чунончӣ раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин мебошанд, ки бо дастгирии хоҷагонашон аз хориҷи кишвар ба роҳбарияти кишварамон санги маломат мезананд. Ин тӯдаи «муллоҳои аврупоӣ», дар шабакаи иҷтимоӣ ғайбатгоҳ ташкил дода, бегонапарастӣ менамоянд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки муллои аврупоӣ сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан кори дигар надоранд. Гоҳе худро “сиёсатшинос” ва ё “уламои дин” нишон медиҳанд. Ин навбат яке ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ Муҳҳаммадиқболи Садриддин, санаи 24 сентябри равон дар ғайбатгоҳ бо номи “Ислоҳ нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда, худро “олим” нишон дода, вобаста ба тағйирёбии иқлим суханҳои беасос ва аз илм хеле дур андешаи носолимашро баён сохта, нисбати баромади роҳбарияти олӣ оид ба масоили пиряхҳо сафсатагӯӣ ва буҳтонгӯӣ намуд.
Дар атрофи масоили пиряхҳо, ки имруз яке аз мубрами рӯз шудааст, ба баддаҳани чалласафодони буҳтонгӯй тибқи иттилои коршиносон оид ба масоили пиряхҳо маълумот медиҳем. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, 60 фисади обҳои минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон аз пиряҳои кӯҳӣ ташаккул меёбанд. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо, мутаассифона, пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли неруи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад. Воқеан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем. Бо назардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд. Хулоса, ташаббусҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем. Баромади навбатии бадхоҳи миллат- М.Садридинро маҳкум менамоем. Воқеан, мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира карда наметавонад !
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ