ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ вобаста ба баромади навбатии М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 01.05.2022)

Мо омӯгорони кафедра вобаста ба баромади навбатии М.Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки ин навбат бо баҳонаи табрикоти Иди Рамазон дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” худро уламои дин ва қозии кишвар намоиш дода, нисбат ба давлату миллати кишвар суханони таҳқиромез гуфт. Сараввал мо баромади навбати Кабириро шадидан маҳкум намуда, зимни изҳороти хеш ибрози андеша менамоем. Воқеан дар асл бигирем, ТТЭ ҲНИ имрӯз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул каст ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш дорад. Баромадҳои ифротии роҳбарияту аъзоён ва думравони ТТЭ ҲНИ-ро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар иртибот ба ин суол ба миён меояд.Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он 31 сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Бухлу ҳасад дар вуҷуди Кабирӣ ва пайравонаш ҳаст ва мемонад.Баробари ин бояд хотиррасон кард,ки воқеан фарди солимақлу соҳибaтафаккур давоми умри хеш пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Нафари хоину Ватану мазҳабфурӯш Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари тӯдаи ватангадоёни саргардони ТТЭ ҲНИӣ бошад оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд. Зуҳуроти ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳӣ аз донишҳои оддӣ боис гардид, ки Кабирӣ натавонист тамаддунофариву фарҳангсолории миллати шарифи тоҷикро муаррифӣ намояд. Баръакс, исбот намуд, ки майнааш олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Ҳимояи ватан аз чунин нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ТТЭ ҲНИ ва умуман душманони миллати тоҷик, мо бовари комил дорем, ки ваҳдату оромӣ ва сулҳу суббот дар ватанаи соҳибистиқлоламон бебозгашт давом медиҳад, мо кушиш мекунем, чунин нохалафон бар зидди кишвари биҳиштосои мо сухан нагӯяд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *